Ҳавои Душанбе то охири ҳафта тағйирёбандаи бебориш боқӣ мемонад
Душанбе, 28.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе то охири ҳафта ҳавои тағйирёбандаи бебориш боқӣ монда, гармии ҳаво ба 24 дараҷа мерасад.
Аз рӯйи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати то 2 — 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз -1 дараҷа хунук то +4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз то +5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда ва абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр боридани барф пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






