«Бангалуру»-и Ҳиндустон ва «Алқувва Алҷаввия» дар бозии ниҳоии Ҷоми КФО бо ҳам қувва месанҷанд

Октябрь 20, 2016 17:07

Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё шоми дирӯз ба анҷом расиданд. Дар вохӯрии аввал дастаи «Алқувва Алҷаввия»-и Ироқ дар Лубнон соҳибони майдон дастаи «Алаҳад»-ро бо натиҷаи 3 бар 2 мағлуб карда, аз натиҷаи ду вохӯрӣ (4:3) ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. Соҳиби Ҷоми КФО дастаи «Чаҳор дарул таъзим»и Малайзия, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе бар чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол» бо натиҷаи 1:0 ғолиб омада, барандаи Ҷом гардида буд, дар бозии ҷавобӣ дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон ба муқобилияти сахти дастаи мизбон- «Бангалуру» рӯ ба рӯ гардид.
Дар натиҷа КФ «Бангалуру» бо ду голи Сунил Чатрӣ ва як голи Евгенисон Лингдоҳ бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба карда,  бори аввал дар таърихи футболи Осиё ва Ҳиндустон ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. Вохӯрии аввали ин дастаҳо дар Малайзия бо натиҷаи 1:1 мусовӣ ҷамъбаст гардида буд.
5 ноябр КФ «Бангалуру» ва «Алқувва Алҷаввия» дар вохӯрии ниҳоӣ барои Ҷом бо ҳам қувва месанҷанд.

Октябрь 20, 2016 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад