Барномаи нави қолабии СММ бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон созгор мебошад
Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «23 фонду барнома ва ниҳодҳои тахассусии Созмони Миллали Мутаҳид, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, давоми 5 соли охир дар доираи Барномаи қолабии СММ оид ба кумакрасонӣ ба хотири рушд 390 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудаанд». Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Лючия Элми иттилоъ дод.
Номбурда зимни ҷамъомаде, ки имрӯз дар Маркази иттилоотӣ ва захиравии СММ бахшида ба 71- солагии таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид ва Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд баргузор гардид, изҳор кард, ки «соли гузашта СММ бо Ҳукумати мамлакат Барномаи нави қолабии СММ оид ба кумак ба Тоҷикистонро ба хотири рушд барои солҳои 2016-2020 ба имзо расонид. Мувофиқи санади мазкур СММ ба татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки Тоҷикистон уҳдадор гашта, бо ин мақсад зиёда аз 365 миллион доллари ИМА сафабар менамояд».
Лючия Элми ҳамкории босамари ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳидро бо Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон таъкид намуда, зикр кард, ки «ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» бо ҳадафҳои СММ дар самти рушди устувор созгор мебошанд».
Идибек Қаландаров, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат нақши ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳидро дар рушди Тоҷикистон ва кумакҳои расонидаи онҳоро ба мардуми Тоҷикистон назаррас номид. «Мо таманно дорем, ки Созмони Миллали Муттаҳид ҳамеша пойдор бошад ва ба хотири устувор намудани сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон фаъолият кунад», — зикр кард Идибек Қаландаров
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз дар Душанбе бахшида ба Рӯзи СММ ва Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд бо иштироки намояндагони ВКХ, ниҳодҳои амалкунандаи СММ дар Тоҷикистон, шарикон, намояндагони доираҳои илмӣ, донишҷӯён ва журналистон ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомад дар Маркази иттилоотӣ ва захиравии СММ, воқеъ дар бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия сурат гирифт.
Маркази мазкур аз тарафи БР СММ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, ҷавонону донишҷӯён ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа метавонанд аз ин Марказ ба хотири ба даст овардани маълумоти маърифатӣ истифода баранд.
Бояд гуфт, СММ ташкилоти байналмилалиест, ки соли 1945 таъсис ёфта, ҳоло 193 кишвари ҷаҳон узви он мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 1992 ба СММ ҳамроҳ шуда, бо ташаббус ва таҳияи барномаҳои хос дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастрасии саросарии сокинони сайёра ба оби ошомиданӣ ва таъмини беҳдошт чун узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид шинохта шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






