Барномаи нави қолабии СММ бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон созгор мебошад

Октябрь 24, 2016 17:08

Душанбе, 24.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «23 фонду барнома ва ниҳодҳои тахассусии Созмони Миллали Мутаҳид, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, давоми 5 соли охир дар доираи Барномаи қолабии СММ оид ба кумакрасонӣ ба хотири рушд 390 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ намудаанд». Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Лючия Элми иттилоъ дод.
Номбурда зимни ҷамъомаде, ки имрӯз дар Маркази иттилоотӣ ва захиравии СММ бахшида ба 71- солагии таъсиси Созмони Миллали Муттаҳид ва Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд баргузор гардид, изҳор кард, ки «соли гузашта СММ бо Ҳукумати мамлакат Барномаи нави қолабии СММ оид ба кумак ба Тоҷикистонро ба хотири рушд барои солҳои 2016-2020 ба имзо расонид. Мувофиқи санади мазкур СММ ба татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки Тоҷикистон уҳдадор гашта, бо ин мақсад зиёда аз 365 миллион доллари ИМА сафабар менамояд».
Лючия Элми ҳамкории босамари ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳидро бо Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон таъкид намуда, зикр кард, ки «ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» бо ҳадафҳои СММ дар самти рушди устувор созгор мебошанд».
dsc_0081-rasmho-baroi-habari-sangoda-va-kristina-2Идибек Қаландаров, сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат нақши ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳидро дар рушди Тоҷикистон ва кумакҳои расонидаи онҳоро ба мардуми Тоҷикистон назаррас номид. «Мо таманно дорем, ки Созмони Миллали Муттаҳид ҳамеша пойдор бошад ва ба хотири устувор намудани сулҳу субот дар тамоми ҷаҳон фаъолият кунад», — зикр кард Идибек Қаландаров
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз дар Душанбе бахшида ба Рӯзи СММ ва Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот барои рушд бо иштироки намояндагони ВКХ, ниҳодҳои амалкунандаи СММ дар Тоҷикистон, шарикон, намояндагони доираҳои илмӣ, донишҷӯён ва журналистон ҷамъомад баргузор гардид.
Ҷамъомад дар Маркази иттилоотӣ ва захиравии СММ, воқеъ дар бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия сурат гирифт.
Маркази мазкур аз тарафи БР СММ дар Тоҷикистон таъсис ёфта, ҷавонону донишҷӯён ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа метавонанд аз ин Марказ ба хотири ба даст овардани маълумоти маърифатӣ истифода баранд.
Бояд гуфт, СММ ташкилоти байналмилалиест, ки соли 1945 таъсис ёфта, ҳоло 193 кишвари ҷаҳон узви он мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 1992 ба СММ ҳамроҳ шуда, бо ташаббус ва таҳияи барномаҳои хос дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастрасии саросарии сокинони сайёра ба оби ошомиданӣ ва таъмини беҳдошт чун узви фаъоли Созмони Миллали Муттаҳид шинохта шудааст.

Октябрь 24, 2016 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид