Баррасии ҳолати амалишавии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар АИҶТ
Душанбе, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) бо иштироки аъзои Раёсати АИ ҶТ, директорон ва муовинони онҳо, мудирони шуъба ва сарходимони илмии муассисаҳои илмии АИ ҶТ ҷаласаи васеи раёсати ин ниҳод баргузор гардид.
Дар ҷаласа арзёбии фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АИ ҶТ, Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АИ ҶТ ва ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки аз Фонди президентии тадқиқоти бунёдӣ маблағгузорӣ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар гузоришҳо иттилооти мушаххас оид ба фаъолияти институтҳои мазкур дар мавриди омода намудани кадрҳои баландихтисос, дар амал татбиқ сохтани лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии муассисаҳои мазкур баррасӣ шуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Академияи илмҳои ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






