Бонки «Эсхата» ба хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мекунад
Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Истифодаи усулҳои нави рушди хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла истифодаи самараноки захираҳои обию барқӣ мавзӯи асосии вохӯрии намояндагони бонки «Эсхата» бо раисони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен гардид.
Дар вохӯрии мазкур муаррифии роҳҳои инноватсионии бурдани корҳои кишоварзӣ, дар бораи афзалиятҳои намудҳои нав, технологияи насби он, роҳҳои ҷорӣ намудани онҳо, шартҳои маблағгузорӣ муҳокима гардиданд
Дар вохӯрӣ Шуҳрат Усмонов, ҳамоҳангсози агроқарзҳои бонки «Эсхата» ва Умаралӣ Умаров, директори филиали ноҳияи Спитамен ба 35 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳҳои беҳтарин ва усулҳои нави истифодаи обу замин ва натиҷаҳои онро фаҳмониданд.
Бонки «Эсхата» маблағҳои қарзиро барои рушди кишоварзӣ бо шартҳои осон пешниҳод мекунад. Барои он ки деҳқонон ҳосили хубу дилхоҳ ба даст оранд, бонк ҳам аз ҷиҳати молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ кумак расонида, дар ин кор онҳоро ташкилоти Сароб ва намояндагони лоиҳаи Климадапт ҳамраҳӣ мекунанд.
Ноҳияи Спитамен яке аз ноҳияҳои аграрии вилояти Суғд маҳсуб шуда, деҳқонон асосан ба чорводорӣ, боғпарварӣ ва растанипарварӣ машғул мебошанд. Иштирокчиён зимни мулоқот зикр намуданд, ки шарту шароити барномаи мазкур осон буда, онҳо ният доранд дар ҳамкорӣ бо бонки «Эсхата» роҳҳои инноватсионии идоракунии обу замин ва қувваи барқро ҷорӣ намоянд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бонки «Эсхата» иттилоъ доданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






