Бозёфти муҷассамаи Шоҳи суғдӣ

Октябрь 7, 2016 11:27

????????????????????????????????????

Душанбе, 07.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бостоншиноси тоҷик Абдурауф Раззоқов ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудааст, ки то имрӯз дар хонаводае нигоҳдорӣ мешуд.
Абдурауф Раззоқов, сарвари пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ нақл кард, ки корманди ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент Сафарзода Носирхон ба камина аксеро нишон дод, ки дар он муҷассамаи ҷавонмарди аспсавор тасвир ёфта буд.
«Субҳи бармаҳали 8 июли соли 2016 мо бо Носирхон ба деҳаи Сарводаи ноҳияи Айнӣ рафтем. Соҳиби бозёфт Қӯшабой Ғолибов, омӯзгори фанни математика ва информатикаи мактаби №36-и деҳаи Кантеи ҷамоати деҳоти Фондарё бозёфтро ба мо нишон дод. Қ.Ғолибов ба мо нақл кард, ки ҳанӯз 3035 сол қабл бобову бибиаш ҳангоми чаронидани чорво аз мавзеи Чӯбистони атрофи кӯли Аловиддин ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудаанд, ки то имрӯз дар хонаводаи онҳо нигоҳдорӣ мешудааст», — илова намуд А. Раззоқов.
Вай гуфт, ки шиносоии нахустин бо ин бозёфт, қабл аз ҳама, мазмуну мӯҳтавои деворанигораҳои Панҷакенти қадимро пеши назари ман овард. Фавран ин бозёфти нодир ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ интиқол дода шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт.

novyj-risunok

Муҷассамаи биринҷӣ дар қолаб рехта шуда, сипас қисматҳои он асп, савора ва дигар ҷузъҳои хурди он бо ҳам васл карда шудаанд. Муҷассама бо сӯян суфта карда шудааст. Баландии муҷассама 37 см, дарозии он 24 см ва вазнаш 2.540 гр. Баландии қади асп аз нӯги пой то сари ёл 20.5 см, дарозӣ аз думи асп то фӯки асп 24 см мебошад. Дарозии савора аз пой то сари паранда 31.5 см-ро ташкил медиҳад.
Ин маҷассамаи биринҷии ҷавонмардест, ки бар болои асп савор мебошад. Асп дар ҳолати истода қарор дорад. Сари асп, чашмҳо, сӯрохҳои бинӣ, даҳони асп, гӯшҳо ва ёли он баръало нишон дода шудаанд. Гӯшҳои асп чур мебошад. Ёли асп моҳирона бофта шуда, дар қисми марказӣ бо як абзори махсуси сегӯша мустаҳкам карда шудааст. Мӯйҳои сараки ёли асп ба шакли як қабзаи басташуда зеб дода шудаанд. Лаҷоми асп ба хубӣ иҷро шудааст, ки як тарафи он ба дасти савора печида шуда, тарафи дигари он ба даҳони асп насб шудааст. Дар тасмаи лаҷом, аз ҳарду тараф занҷиракҳо боқӣ мондаанд, ки дар онҳо лавозимоти ороишии асп овехта мешуданд. Пойҳо ва наъли асп барҷаста нишон дода шудаанд. Дар болои асп зин насб шуда, ки рӯи он савора нишаста мебошад. Симои савора бовиқору бо ҳашамат, бо қаду қомати баланду бозуҳои бузург иҷро карда шудааст.

????????????????????????????????????

Савора дар дасти рост шишпарро (амуди салтанат) медорад, бо дасти чап лаҷоми аспро идора мекунад. Савора дар ҳардуи дастонаш дастпона дошта, дар гарданаш гарданбанд дорад. Қиёфаи савора чашмон, лабу бинӣ ва абрӯҳо хеле барҷаста нишон дода шудааст. Аслан, чашмони савора бо сангҳои қимматбаҳо (ақиқ) оро дода шуда буд, аммо то замони мо боқӣ намондаанд. Савора дар сар тоҷ дорад, ки дар болои он як парранда насб шудааст. Тоҷ нақши растании себаргаро доро буда, аз сето себарга иборат аст. Дар гӯшаҳои тоҷ аз ҳарду тараф сӯрохӣ мавҷуд аст, ки аз он занҷираке аз паси сари савора мегузашт ва ин сӯрохиҳоро бо ҳам пайваст мекард, вале ин занҷирак қисман боқӣ мондааст. Поинтар аз ин сӯрохӣ, дар гӯшаи рости тоҷ як сӯрохии дигар ҷой дорад, ки дар он низ пораи занҷирак боқӣ мондааст. Аз ду рухсори савора кокулҳои бофташуда хамидаанд, ки то ба гардани вай мерасанд. Ҳарду гӯши савора сӯрохӣ барои овехтани гӯшвор дорад. Як адад гӯшвор боқӣ мондааст, ки бо лоҷварди аълосифат ва се дона шилаҳои баргмонанди тунуки мудаввар зеб дода шуда, аммо то замони мо танҳо дутои он маҳфуз мондаанд. Дар минқори парандае, ки дар сари савора, дар болои тоҷ насб шудааст, фарн мавҷуд аст.
Ба баъзе норасоиҳои ҷузъии муҷассама, ки дастраси мо нагардидааст, нигоҳ накарда, ин бозёфт аҳамияти фавқулодаи таърихӣ ва фарҳангӣ барои таърихи халқи тоҷик дорад.
Мавзеи бозёфтро дар аҳди Суғд Бутамон меномиданд, ки забти он аз тарафи арабҳо дар ду марҳила (солҳои 701 704) ва (солҳои 713 714) забт карда шуда, арабҳои аҷнабӣ ғаниматҳои зиёд бурданд. Мувофиқи санадҳои суғдии аз кӯҳи Муғ пайдо кардашуда (соли 1932) солҳои ҳукмронии шоҳи (ишхид) тамоми Суғд Деваштич ба солҳои 715 724 рост меояд. Шоҳони Суғд Ғурак ва Тархун, ки маркази он Афросиёби Самарқанд буд, ба зудӣ ба арабон таслим шуданд. Деваштич худро шоҳи тамоми Суғд эълон намуда, тайи солҳои 715 724 ба муқобили арабҳои аҷнабӣ муборизаи беамон мебарад.
Гумон меравад, ки ҳангоми аз Панҷакенти Қадим ба Бутамон (Фалғар) омадан, Деваштич ва дигар ашрофзодагони суғдӣ девон, бойгонӣ, муҷасамаҳои нодири хешро ба хотири ҳифз ҳамроҳи худ гирифта, ба дараҳои дастнораси кӯҳистон оварда, пинҳон намудаанд.
Қисмати шарқии Суғд фақат шаҳраки Панҷакент набуда, балки мавзеъҳои дигарро низ дар бар мегирад. Даҳҳо ёдгориҳои таърихи асримиёнагӣ дар ноҳияи Панҷакент ва болооби дарёи Зарафшон кашф карда шудаанд. Қалъаи мустаҳками кўҳи Муғ дар кўҳистони Суғд намунаи барҷастаи он аст.
Соли 1979 мактаббачаҳо дар Кўҳи Сурх, ки дар доманаи он қалъаи асримиёнагии Сарвода бунёд ёфтааст, бозёфти аҷиберо ба даст оварданд. Сокинони маҳаллӣ Умар Усмонов ва Сайёр Қўзибоев аз ғор муҷассамаи чўбини мардро ёфтанд, ки 1,5 м дарозӣ ва 15 кг вазн дошт. Дар ғор инчунин зиреҳ, ғилофҳои чўбини шамшер ва ханҷар, пойафзол, боқимондаҳои тоҷ ва бисёр ашёи парастишӣ, аз қабили зангўлаҳои гуногун, даҳ оинаи фулузӣ, мўҳри сангӣ бо сурати хуки ваҳшӣ ва навиштаҷоти суғдӣ ва қаҳрабои наздибалтикӣ ёфт шуданд.
Ҳоло ба таҳлили новобастаи лавозимоти муҷассама мегузарем. Пеш аз ҳама савол ба миён меояд, ки савораи муҷассамаи мазкур ба кӣ ва кадом давраи таърихӣ тааллуқ дорад?
sogdЧи тавре, ки дар боло зикр намудем, ҷавонмарди савора хеле бовиқор ва бо шаҳомати шоҳона сохта шудааст. Ӯ дар сар тоҷ дорад, ки ин бешак гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ин шахс шоҳ (ихшид)и Суғд мебошад. Тасвири шоҳони тоҷбарсар дар саросари ёдгориҳои меъмориву бостоншиносии ориёинажод вомехӯрад, ки марбут ба давраҳои гуногуни таърихӣ мебошанд. Аммо тоҷи сари муҷассамаи мо куллан аз он тоҷҳое, ки дар даврони Ҳахоманишиҳо ва Сосониён маъмуланд, фарқ дорад. Тоҷи бозёфти мо тасвири растанӣ- сето себаргаро дорост. Тоҷи муҷассамаи мо ба тоҷи деворанигораи Панҷакенти Қадим- «Шоҳ дар тахт» ва «Зери Хайма» шабоҳати наздик дорад…
Чизи муҳими дигар- ин шишпар ё ин ки амуди салтанат аст, ки дар дасти рости шоҳ мебинем. Шоҳ шишпарро бо як имои махсус пеш меорад ва ин яке аз хусусиятҳои муҳимтарини муҷассами мазкур мебошад. Ин имо баёнгари эълон кардани шоҳии хеш, маросими савгандёдкунӣ ва ё бо ибораи имрӯза- «инаугуратсия» мебошад.
Аспи шоҳ низ бо зебу зинат муҷаҳҳаз шудааст. Муҷассамаи аспи биринҷие, ки дар осорхонаи бостоншиносии Самарқанд нигоҳдорӣ карда мешавад, ба бозёфти мо шабоҳати хеле наздик дорад. Минтақаи наздиктарин, ки онҷо сипари чӯбин бо тасвири асп пайдо шудааст, ин қалъаи Абаргар ( кӯҳи Муғ) мебошад.
Ба назари мо парандае, ки дар болои сари шоҳ меистад, нақши муҳимтарин ва калидӣ дорад. Ин паранда дар минқори худ фарри шоҳиро ба сари шоҳшаванда мегузорад. Маҳз ҳамин паранда оварандаи пайғоми хуш аст. Дар сиккаҳои давраи Ашкониён тасвири парандае, ки фарри шоҳиро меоварад ба қайд гирифта шудааст. Беҳуда нест, ки то имрӯз дар адабиёти шифоҳии тоҷикон ин парандаи хушхабар бо номи «бози давлат» маъруф аст. То имрӯз дар байни точикон ҳангоми маросимҳои хатнасур ва арӯсу домодӣ чунин сурудро месароянд:
Тоҷи давлат бар сарат.
Садсола шавад гулписарат.
Ба гумони мо, муҷассама лаҳзаи тоҷгузории яке аз шоҳони суғдиро инъикос менамояд. Чунин тоҷгузорӣ дар рӯи асп байни шоҳони сосонӣ ва кӯшонӣ маъмул будааст.
Хушбахтона., бозёфти мазкур имрӯз насиби ворисонаш гардида, бори дигар аз таъриху тамаддуни пурғановати чандинҳазорсолаи тоҷикон шаҳодат медиҳад.

Октябрь 7, 2016 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
Тоҷикистон ва Индонезия чорабиниҳои дарпешистода дар соҳаи дипломатияи обиро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бо вакилон вохӯрӣ баргузор гардид
Бо фаъолону сокинони Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон вохӯрии судманд доир гардид
Доир ба истифодаи самараноки замин ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ машғулияти такмили ихтисос оғоз ёфт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони даври аввали озмун қадрдонӣ шуданд
«КОРВОНИ КИТОБ». Он имрӯз ба шаҳри Бохтар расид
Пагоҳ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Дар ноҳияи Варзоб вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир шуд