Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таҳсилотӣ бунёд кард

Октябрь 27, 2016 16:36

novyj-risunokКӯлоб, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 мутобиқ ба талаботи замон ба истифода дода шуд. Бинои муассисаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз ҳуҷраи омӯзгорон, маҷлисгоҳ ва ҳафт синфхона иборат аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 метавонад дар ду баст 210 хонандаро ба таҳсил фаро гирад.
Муассиса бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи муассиса директори иҷроияи маркази Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода, намояндаи сафоратхонаи Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ва мудири Шуъбаи маорифи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Абдулманон Раҳмонзода ширкат варзиданд.
Дар ин бора аз Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Маълумоти АМИТ «Ховар»:

27 январи соли 1997 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ Бунёди иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон таъсис дода шуд. Баъдан 27 феврали соли 2002 барои амалӣ намудани Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон он ба Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон табдили ном кард.
Фаъолияти бунёд барои дастгирии молиявӣ, техникӣ ва машваратӣ ба аҳолии камбизоати мамлакат, беҳтар намудани шароити зиндагии онон аз тариқи дастрасии ин табақаи аҳолӣ ба хизматрасонӣ ва некӯаҳволӣ равона гардидааст. Он ягона бунёди иҷтимоии маблағгузорӣ буда, ба шабакаи бунёдҳои иҷтимоии маблағгузории Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ шомил мебошад, ки бо аҳолии камбизати кишвар кор мекунад.

Октябрь 27, 2016 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»