Чемпионати Осиё-2016(U-19): Дастаҳои мунтахаби Эрон бо Арабистони Саудӣ ва Ҷопон бо Ветнам бозӣ мекунанд
Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вохӯриҳои нимниҳоии Чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19-сола дастаҳои мунтахаби Эрон ва Арабистони Саудӣ дар соати 18:00 ва баъдан Ҷопон бо Ветнам дар соати 21:00 вориди майдон мешаванд. Сомонаи «the-afc.com» бо нашре аз нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Эрон Амир Пайравонӣ ва Саъд Ашшаҳрӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳар ду мураббӣ ба ғолиб омаданашон дар ин вохӯрӣ бовар доранд.
Футболбозони эронӣ ҳанӯз соли 1973 ва Арабистони Саудӣ соли 1992 ғолиби мусобиқоти Осиёӣ дар ин синн гардидаанд.
Дар мусобиқоти имсола дастаи Арабистони Саудӣ дар гурӯҳи «А» аз се бозӣ дар дутоаш ғолиб омада, бо як бохт аз Баҳрайн (2:3) ба вохӯрии ¼-ниҳоӣ баромад ва дастаи мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 2:2 баъди зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ аз сари роҳаш дур сохт.
Дар навбати худ дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон низ аз мақоми дуюми гурӯҳи «С» дунболи дастаи мунтахаби Ҷопон бо нишондоди 1 ғалаба ва ду мусовӣ бо касби 5 имтиёз ба вохӯрии ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифт ва дастаи мунтахаби Ӯзбекистонро бо ҳисоби 2:0 ноком кард.
Танҳо ду даста- Эрон ва Ҷопон бо намояндагӣ аз як гурӯҳ муборизаро барои ҷом идома медиҳанд.
Дар бозии дуюми нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Ветнам, ки то кунун ягон маротиба соҳиби ҷом нашудаанд, бо ҳам қувва месанҷанд. Футболбозони Ҷопон 5 маротиба дар бозии ниҳоӣ ширкат варзида, танҳо ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шудаанд. Ветнам ҳанӯз соли 1961 як маротиба соҳиби ҷои 4-ум гардида буд.
Дасти мунтахаби Ҷопон аз гурӯҳи «С» бо ду ғалаба ва як мусовӣ аз ҷои аввал ба бозии ¼- ниҳоӣ роҳхат гирифт ва дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб кард. Ветнам аз гурӯҳи «Б» бо як пирӯзӣ ва ду мусовӣ бо касби 5 имтиёз зинаи дуюмро аз худ кард ва дар бозии ¼- ниҳоӣ соҳибони бозиҳои ниҳоӣ-дастаи мунтахаби Баҳрайнро бо натиҷаи 1:0 шикаст дод.
Имрӯз муайян хоҳад шуд, ки кадом дастаҳо соҳиби роҳхат ба бозиҳои ниҳоӣ мегарданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






