Дар ғарби Афғонистон ҷангиён 36 сокини осоиштаро ба қатл расонданд

Октябрь 27, 2016 10:51

Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар музофоти Гори Афғонистон рӯзи 25 октябр ҷангиён 36 сокини осоиштаро ба қатл расонданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо такя ба гуфтаи волии музофоти мазкур хабар медиҳад.
«Пас аз оне, ки ҳамлаи ҷангиён ба атрофи шаҳри Фирӯзкӯҳ, маркази маъмурии музофоти Гор аз ҷониби неруҳои амният ва иттифоқчиёнашон рӯзи сешанбе хунсо карда шуд, онҳо қурбониёнро рабуданд. Дар натиҷаи бархӯрд якчанд ҷангиён маҳв ва маҷрӯҳ шуданд ва онҳо барои қасди бохти худро гирифтан худи ҳамон бегоҳ асиронро парронданд», — иттилоъ дод волии музофот Муҳаммад Носир Ҳазох.
Бино ба гуфтаи ӯ, мақомот тафтишотро оғоз кардаанд.
То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳо масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Вале мақомоти маҳаллӣ дар ин ҳодиса ҷангиёни марбут ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) айбдор карданд.
Тибқи маълумоти охири Дафтари СММ дар Афғонистон, шурӯъ аз 1 январ то 30 сентябри соли равон беш аз 2560 сокини осоишта кушта шуда, зиёда аз 5830 тани дигар бар асари ҳаводиси марбут ба низоъ маҷрӯҳ гардидаанд.

Октябрь 27, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ