Дар Бӯстон чор шуъбаи беморхонаи марказӣ аз таъмир бароварда шуданд
Душанбе, 3.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо мақсади иҷрои Барномаи вилоятии соли фарди солим тадбирҳои муассир андешида, дар муассисаҳои тандурустии шаҳр дар ин давра корҳои назаррас ба сомон расонид.
Бино ба иттилои Умед Абдуллоев, сардухтури беморхонаи шаҳрӣ, давоми 9 моҳи соли равон шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, асабшиносӣ ва шуъбаи нашъамандии беморхонаи шаҳрӣ аз таъмири хушсифат бароварда шудаанд. Дар беморхона 15 шуъба бо 275 кат амал мекунад.
Барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани солимии ҷомеа ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар оянда низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд.