Дар Хатлон ҳамоиши «Ҷалолиддини Балхӣ-нобиғаи адабиёти тоҷик» баргузор гардид
Душанбе, 01.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилоятӣ ба номи «Авасто» бахшида ба рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ зери унвони «Ҷалолиддини Балхӣ-нобиғаи адабиёти тоҷик» ҳамоиш баргузор гардид.
Адибон ва шоирони вилояти Хатлон, адабиётшиносон, донишҷӯёну омӯзгорони факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр иштирокдорони фаъоли ҳамоиш буданд.
Дар ҷамъомад аз ҳаёту фаъолият, панду ҳикматҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ сухан рафта, зикр шуд, ки ин нобиғаи илму адаб инсонҳоро бузургтарин ва азизтарин офаридаи Худованди якто донистааст. Донишҷӯёну хонандагон дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маърӯза намуда, аз Маснавии Маънавӣ порчаҳои шеърӣ, ғазалиёт, панду андарз ва қиссаҳои пандомез қироат намуданд.
Бояд гуфт, ки аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 30 сентябр зодрӯзи ин мутафаккир ҷашн гирифта мешавад. Соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО 800-солагии Мавлоно эълон гардид ва он на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар як зумра кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






