Дар Намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ аз 45 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард
Душанбе, 21.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Гавҳари Роҳи абрешим- Тоҷикистон рӯйи худро ба ҷаҳон мекушояд ва ҷаҳон Тоҷикистонро дарк менамояд!»- таҳти чунин унвон аз 11 то 13-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоиши байналмилалии рассомон барои сулҳ баргузор мегардад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ташрифи меҳмонон ва рассомон аз 45 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Ҳамчунин меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор, ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва Боғи Ирами пойтахт дидан мекунанд ва дар мавзеъҳои мазкур барои рассомон пленэр ташкил хоҳад шуд.
Намоиш аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии табодул «Саёҳат ба хотири сулҳ» бо ҳамкории Бунёди мукофоти сулҳи Роҳи абрешим ва Бунёди аврупоию чинии фарҳанг ва маълумот таҳти сарпарастии ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронида мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






