Дар ноҳияи Ишкошим машқҳои муштараки зиддитеррористӣ бо ширкати қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Чин баргузор мешаванд
Хоруғ, 19.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти Раёсати раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед дар комиссариати ҳарбии вилоят ҷамъомади мудофиавии ҳудудӣ дар робита ба машқҳои муштараки амалиёти тактикӣ бо қӯшунҳои гарнизони Хоруғ ва минтақаи мудофиаи ҳудудии рақами 2 бо ҷалби ҷузъу томҳои Артиши озодихоҳи халқии Чин баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷамъомад масъалаи машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ки дар машқгоҳи низомии Шитарви ноҳияи Ишкошим баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки баргузории ин машқҳо чорабинии нақшавӣ буда, он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 июни соли 2016 тасдиқ гардидааст. Яке аз ҳадафҳои асосии доир намудани машқҳо- боз ҳам мустаҳкам кардани хати марз дар робита ба авзои ноамни кишвари ҳамсояи Афғонистон ва пешгирии хатарҳои беруна ба кишвари Тоҷикистон мебошад. Азбаски ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон бо Бадахшони Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва ин вилоят ба макони буду боши терроризми байналмилалӣ табдил ёфтааст, зарур шумурда шуд, ки машқҳо маҳз дар ҳамин ҳудуд баргузор гарданд.
Дар машқҳои мазкур ҳамчунин раисони шаҳру навоҳии вилоят, раҳбарияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ширкат меварзанд.
Машқҳои муштарак 20 октябр оғоз ёфта, то 24 октябр идома меёбанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






