Дар ноҳияи Рӯшон ба хотираи Наргис Бандишоева маҳфили созу наво доир гардид
Хоруғ, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон барои гиромидошти хотираи яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик Наргис Бандишоева маҳфили адабӣ-бадеӣ баргузор гардид. Директори Хонаи эҷодиёти халқи вилоят Мулкамон Мамадонов гуфт, ки дар маҳфил хонандагони Мактаби санъати ноҳия, ки ба номи Наргис Бандишоева аст, барномаи ҷолиб ва хотирмонро таҳия ва пешкаши ҳозирин гардониданд. Вақте ки таронаи машҳури ӯро бо номи «Лалаик» сароиданд, тамоми нишастагони толор беихтиёр аз ҷо бархестанд. Ин бузургии Наргис буд, ки суруди қадимии халқиро бо шеваи хос ва лаҳни ширин дуюмбора зинда гардонд ва дили ҷавононро тасхир кард. Рисолати ҳар як сарояндаи имрӯзаи тоҷик он аст, ки фарҳанги бою пурғановати худро аз саҳнаҳои бузурги ҷаҳон ташвиқу тарғиб кунад, на ин ки ба суруду оҳангҳои сарояндагони дигар мамолик тақлид намояд.
Наргис Бандишоева дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, бо навою таронаҳои мардумӣ бузург шудааст. Модараш Бунавша Бекова гуфт, ки «Наргис аз хурдиаш даҳҳо порчаҳоро аз таронаҳо ба осонӣ замзама мекард. Ман шодам, ки имрӯз хурду бузурги ноҳия ба хотири фарзандам дар ин толор ҷамъ омада, дар ҳаққаш суханони нек гуфтанд. Агар имрӯз Наргиси ман зинда мебуд, ба синни 50 қадам мегузошт. Инсонҳое ҳастанд, ки ҳам дар зиндагӣ мардум дар гирдашон ҷамъ мешаванд ва чун аз дунё раванд, боз ҳам мардумро гирди ҳам меоранд. Наргиси ман низ чунин ҷозиба дошт».
Маъмурияти мактаби санъати ба номи Наргис Бандишоева ба модари ин овозхони шинохта ва маҳбуб туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






