Дар ноҳияи Шуғнон маркази таълимӣ барои кӯдакони сесола бунёд мешавад
Хоруғ, 15.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар деҳаи Питоби ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон таҳкурсии бинои Маркази рушди барвақтии кӯдакон гузошта шуд. Яке аз собиқадорони соҳаи маорифи ин деҳа Мирзобек Нурхонов гуфт, ки чор ё панҷ сол боз чунин марказҳо дар дигар шаҳру деҳоти вилоят фаъолият доранд ва натиҷаи хуб ҳам ба даст оварданд. Аз овони сесолагӣ ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон солҳои зиёд боз роҳандозӣ шудааст, вале мо ба ин усули таълимӣ ба наздикӣ рӯ овардем. Дар ин синн зеҳну ҳофизаи кӯдакон хеле фаъол аст ва онҳо ҳар як рақам, калимаву ибораҳои забонҳои мухталифро зуд ёд мегиранд ва солҳои тӯлонӣ дар хотираашон ҳифз мекунанд. Яке аз дигар бартарии ин марказ- истифодаи асбобу ашёи таълимӣ дар расмҳо мебошад. Кӯдакони сесола асбобу ашёи дилхоҳи худро аз ҳам ҷудо ва боз аз сари нав барқарор мекунанд, ки оянда дар рӯзгорашон ҳатман ба кор меояд. То ба синфи аввал расидан аксарияти ин кӯдакон ба қадри имкон бо фанни риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ошно мешаванд. Мирзобек Нурхонов гуфт, ки алъон 25 нафар аз кӯдакон дар яке аз синфхонаҳои мактаби деҳа таҳсил мекунанд ва баъди ба итмом расидани ин марказ шояд теъдоди онҳо афзоиш ёбад.
Бунёди марказро ҶДММ «Нарзан» ба уҳда гирифтааст ва қарор аст дар нимаи дуюми моҳи декабр ин марказ тарбиятгирандагонро ба оғӯши худ гирад.
Назар ба иттилои масъулини идораи маорифи вилоят, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бештар аз 30 маркази рушди барвақтии кӯдакон амал мекунанд.