Дар ноҳияи Ёвон барои хуб гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон ситоди ноҳиявӣ таъсис дода шуд
Ёвон, 11.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ситоди ноҳиявӣ таъсис дод, ки ҷараёни иҷроиши омодагиҳо ҳамарӯза зери назорати ситоди ноҳиявӣ қарор доранд.
Тибқи иттилои масъулин, то имрӯз Раёсати коммуналӣ- истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон барои зимистонгузаронӣ 120 м3 маводи зидди лағжиш (қум), 30 тонна намак, 10 м3 ҳезум захира карда, таъмир ва тоза намудани 8250 м ҷӯйборҳои обгузар, таъмири ҷории 25,7 км роҳҳои ҳудуди шаҳраки Ёвон, таъмири 40 адад чароғакҳои барқӣ, иваз намудани 40 адад лампаи барқиро ба роҳ мондааст
Инчунин корхонаи давлатии фаръии «Обу канализатсия ва гармидиҳӣ»-и ноҳия чоҳҳои обҳои ташнобгузарро тоза намуда, бо каллапӯшҳо махкам карда ва 86 хати обгузар ва партобгузари садамавиро кормандони ҳайати таъмири хатҳои обгузар сари вақт таъмир намудаанд.