Дар шаҳри Ҳисор мактаби замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

Октябрь 31, 2016 16:03

sarvazir01Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи  Ҳофизкадаи  ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри  Ҳисор мактаби наву замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ  қарор  дода  шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар ин деҳаи дурдасти шаҳри Ҳисор дар партави дастуру супоришҳои бевосита ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, барои 464 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Мактаб аз ду ошёна иборат буда, 22 синфхона дорад ва бо  тарҳу намои санъати муосири меъморӣ сохта шудааст. То бунёди ин муассисаи таълимӣ нафарони синни мактабии ин деҳа мушкилоти аз нарасидани синфхонаҳои таълимӣ душворӣ мекашиданд. Бо иқдоми бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи кўтоҳ ин мушкилот бартараф гардида, хонандагони ин дабистон дар остонаи таҷлил аз солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби бинои нави мактаб гардиданд.

Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти  навбунёд аз  сатҳу  сифати корҳои анҷомдодашуда ва шароиту  имконоти  мусоиди  барои  таҳсил фароҳамовардашуда изҳори  қаноатмандӣ  намуда,  аз  ҳайати омўзгорони муассисаи таълимии нав тарбияи шогирдони босаводу лаёқатмандро тақозо кард.

Дар синфхонаҳои алоҳидаи мактаби нав аз хонандагони он даъват ба амал оварда шуд, ки дар партави ғамхорию таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф дар омўхтани илму забонҳои муосир бештар кўшиш ба харҷ дода, дар оянда ба нафъи давлату миллат хизмат намоянд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар деҳаи Ҳофизкадаи  шаҳри Ҳисор аз ҷониби Гурўҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд бо харҷи зиёда аз 16 млн сомонӣ бунёд гардида, синфхонаҳои барҳавои муҷаҳҳаз  бо  технологияи  муосир, китобхонаи  электронӣ,  маҷлисгоҳ бо 288 ҷойи нишаст, синфхонаҳои  касбу  ҳунаромўзии  писарон ва духтарон, ошхона, толори болопўшидаи варзишӣ ва майдонҳои наздимактабии варзишии гуногун  дорад.

Тавре дар расми ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ таъкид карда шуд, роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таҳсил фаро гирифтани насли ҷавону наврас ва тарбияи дурусти онҳо ҳамасола садҳо муассисаҳои таълимии сохти нав бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, барои рушди ин соҳаи муҳими ҳаёти ҷомеа маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар майдони 1,8 гектар ҷойгир шуда, дар тарҳрезии лоиҳаи он шароити инфросохторӣ пурра ба нақша гирифта шудааст.

Фармоишгари сохтмони мактаб Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурўҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» ва пудратчӣ ҶДММ «Бунёдкор-2010»  мебошад.

 

 

 

 

Октябрь 31, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид