Дар шаҳри Норак озмуни «Ҳусну ҳунарам зебост» гузаронида шуд
Норак, 01.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав дар самти ҳунармандӣ, рӯзгордорӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангӣ миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ бо тарҳи муосир дирӯз дар шаҳри Норак даври шаҳрии озмуни «Ҳусну ҳунарам зебост» гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур ҳунари тарроҳи ҷавону умедбахш Муҳаммад Азизов ба маърази намоиш гузошта шуда, аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифт.