Дар шаҳри Норак «Забон ва Истиқлолият» баррасӣ гардид
Норак, 05.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бо иштироки муовини раиси шаҳр, мудирону мутахассисони шуъбаю бахшҳо, намояндагони неругоҳҳои «Норак»-у «Бойғозӣ», ҷамоатҳои деҳот, минтақаҳои манзилӣ ва омўзгорон бо мақсади татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзўи «Забон ва Истиқлолият» ҷамъомад барпо гардид.
Мақсади он гиромидошти забони давлатӣ, роҳҳои беҳтар амалӣ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», вусъат бахшидан ба ҳамкории васеъ байни Комиссияи татбиқи забон бо корхонаю муассисаҳо буд.
Иштирокчиёни ҷамъомад доир ба мақоми забон дар ҷомеа, аҳамияти он, гиромидошту ситоиши забон суханҳои пурмӯҳтаво гуфтанд.