Дар Суғд ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд
Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғд дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ба маблағи наздик ба 4,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 137,2 фоизро ташкил кард.
Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли 2015 афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чўбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чўб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






