Дар ҷумҳурӣ беш аз 500 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъоланд
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни ҳол шумораи корхонаҳои саноати хӯроквории кишвар 564 ададро ташкил дода, дар таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ғизоии саноатӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд.
Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар моҳҳои январ- сентябри соли 2016 — 2,4 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 131,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар зерсохтори Раёсати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ 3 корхонаи воҳиди мустақили хоҷагидорӣ: КВД «Хӯрокворӣ», КВД «Саноати гӯшту шир» ва КВД «Ғалла» фаъолият мекунанд.
Дар 9 моҳи соли 2016 дар соҳа 34 корхонаю коргоҳи нав бо 569 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Корхонаҳои зертобеи Раёсати хӯроквории вазорат — КВД «Хӯрокворӣ», КВД «Гӯшту шир» ва КВД «Ғалла» дар ҳаҷми 492,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,8 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 117,9%-ро ташкил дод.
Дар сохтори корхонаҳои воҳиди давлатӣ 13 соҳаи саноати хӯрокворӣ фаъолият мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






