Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева дар ҳоли афзоиш аст

Октябрь 22, 2016 09:47

Душанбе, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имсол нисбат ба соли гузашта ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда, бахусус ангур беҳтар шуда, кишоварзони ҷумҳурӣ то ин муддат 152 ҳазору 980 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳосили мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 393 тонна зиёд аст. То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Хатлон 51 977 тонна, вилояти Суғд 86 200 тонна, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 931 тонна ва ВМКБ 2872 тоннаро ташкил намудааст.
Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур бо маром идома дошта, айни замон кишоварзон 71 172 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 231 тонна зиёд мебошад.
Соли 2015 дар ҳамин давра 61 941 тонна ангур ҷамъоварӣ гардида буд.
Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 22, 2016 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд