Даргузашти Сафар Сафаров
Душанбе, 21.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Яке аз ходимони намоёни ҳизбию давлатии мамлакат, собиқ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров баъди бемории бардавом дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре ба АМИТ «Ховар» наздикони марҳум хабар доданд, Сафар Сафаров соати 01:00-и шаби гузашта аз ҳаёт чашм пӯшид. Намози ҷанозаи марҳум имрӯз дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе хонда мешавад ва ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок месупоранд.
Сафаров Сафар Ғаюрович 22-уми майи соли 1947 таваллуд шудааст. Соли 1970 Донишгоҳи политехникии Тошканд ва соли 1983 Мактаби олии ҳизбии ҳамин шаҳрро хатм намуда, номзади илмҳои иқтисодӣ буд.
Сафар Сафаров солҳои 1991-2000-ум вакили Шӯрои Олӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вай дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ дар вазифаҳои раиси Кумитаи парлумони мамлакат оид ба иқтисод ва буҷет, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон кор кардааст.
Сафар Сафаров бо ордени «Шараф», медалҳо ва унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон», инчунин бо ордени «Дружба» (Русия) қадр карда шудааст. Соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Сафар Ғаюрович дар давоми фаъолияти худ дар ҳамаи мансабҳои давлатӣ бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамкории зич дошт. Кормандони АМИТ «Ховар» бинобар даргузашти Сафар Сафаров ба наздикон ва пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






