Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шаҳри Кӯлоб 25 иншооти гуногуни фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шуд»
Душанбе, 6.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб баён доштанд, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба рушди фарҳанг аҳамияти калон зоҳир гардида, 25 иншооти гуногуни фарҳангӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Маҷмааи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ, Китобхонаи вилоятии ба номи С. Айнӣ, Боғи миллии Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, баргузор гардидани ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои мардуми Кӯлоб ва умуман, сокинони кишварамон рӯйдодҳои воқеан таърихӣ ба шумор мераванд.
«Бо мақсади самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда, таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб бо Қарори Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр барои солҳои 2015-2019» тасдиқ гардидааст, ки татбиқи 262 лоиҳаро ба маблағи умумии беш аз як миллиард сомонӣ дар бар мегирад»,- иброз доштанд Пешвои миллат ва ҳамчунон илова намуданд, ки: «Ҳадафи асосии барнома баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба шумор меравад».








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






