Хонандагони Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Ёвон соҳиби 76 медалу ифтихорнома шуданд

Октябрь 27, 2016 10:53

Ёвон, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Ёвон соли равон дар мусобиқаҳои варзишии минтақавию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори 76 медалу ифтихорномаҳо гардиданд, ки аз ин шумора 23- тояш медали тилло мебошад.
Дар муассисаи мазкур 18 нафар мураббӣ аз рӯи 11 намуди варзиш ба 516 нафар хонанда таълим медиҳанд. Аз ин шумора 21 нафарашон духтарон мебошанд,
Фаъолияти назарраси мураббиён аст, ки ҳар сол хонандагони Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Ёвон дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Октябрь 27, 2016 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»