Хуҷанд: Ба толибилмоне, ки соҳибистеъдоданд, имкони бештари сайқали маҳорат дода шавад

Октябрь 15, 2016 10:16

Душанбе, 15.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Раёсати маорифи вилояти Суғд дар гимназияи № 1 шаҳри Гулистон машварати сарварони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру навоҳии вилоятро доир намуд.
Дар машварат беҳтарин толибилмони вилояти Суғд- соҳибистеъдодон сарҷамъ омада, андешаҳои худро перомуни вазъи сиёсии кишвар дар солҳои навадуми қарни гузашта, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба даст овардани сулҳ баён доштанд.
Дилбар Исмоилова, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят аз зарурати ташкили чунин як марказ дар сатҳи ҷумҳурӣ сухан намуда, афзуд, ки ҳадафи асосии фаъолият- дарёфти толибилмони боистеъдод мебошад.
Ҳамчунин дар машварат дастур дода шуд, ки минбаъд бо ҷалби омӯзгорони навовар ҷараёни баргузории олимпиадаву озмунҳо бо диду назари тоза сурат гиранд. Толибилмоне, ки соҳибистеъдоданд, бештар ба марказ ҷалб гарданд ва ба онҳо имкони бештари сайқали маҳорат дода шавад.

Октябрь 15, 2016 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид