Хуҷанд: фурӯши маҳсулот танҳо дар дохили бозор ва мавзеъҳои муқарраргардида ба роҳ монда шавад!
Хуҷанд, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода барои бартараф намудани фурӯшгоҳҳои ғайриқонунӣ дар назди бозорҳои шаҳр ба роҳбарони онҳо дастури 10- рӯза дод. Ин дастур зимни ҷаласаи Шӯрои шаҳрии мутобиқсозии методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон зикр гардид. Дар ҷаласа ду масъала — таъмини иҷрои қонунгузории замин, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони худсарона ва вазъи иҷрои қарори раиси шаҳри Хуҷанд «Оид ба манъ намудани фаъолияти бозорҳои номуташаккил» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Шарифзода ба роҳбарияти бозорҳои шаҳр, сохторҳои дахлдори назоратӣ супориш дод, ки баҳри манъ намудани фаъолияти бозорҳои номуташаккил, ба танзим даровардани тартиби фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва савдои фурӯшандагон дар атрофи бозор ва роҳҳо, инчунин вазъи санитарию эпидемологии бозор тадбир андешанд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ба ҳолатҳои сохтмони худсаронаи нуқтаҳои фурӯши маҳсулот дар ҳудуди бозорҳо, дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва полезӣ хотима дода шуда, нисбат ба шахсоне, ки меъёрҳои амалкунандаро иҷро намекунанд, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сари вақт оғоз гардад.
Шаҳрдори Хуҷанд ба тамоми мутасаддиён супориш дод, ки дар муҳлати 10 рӯз фурӯшгоҳхои ғайриқонунӣ ва савдои кӯчагиро барҳам дода, савдо ва фурӯши маҳсулотро танҳо дар дохили бозор ва мавзеъҳои муқарраргардида ба роҳ монанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






