Кишоварзони Конибодом кӯшиш доранд дурнамои пешбинишудаи «Ҳосил-2016»-ро иҷро намоянд

Октябрь 15, 2016 11:01

Душанбе, 15.10.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Конибодом ҷамъоварии пахта идома дошта, тибқи нақша бояд дар ин мавсим кишоварзон 11400 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. То имрӯз 50 фоизи нақшаи ҷамъоварӣ иҷро карда шудааст.
Дар 19 ҳазор гектар замини кишти шаҳри Конибодом соли равон аъзо ва саҳмдорони 7520 хоҷагии деҳқонӣ дар баробари дигар зироату полезиҳо дар майдони 4809 гектар пахта кишт намуданд.
Хоҷагиҳо асосан 6 навъи тухмиро кишт намудаанд. Масалан, аъзо ва иҷоракорони хоҷагии деҳқонии Энаҷон Бойматова дар 595 гектар замини пахтаи хоҷагӣ дар баробари дигар навъи тухмиҳо-аз ҳосили тухмии навъи ориёӣ дар чиниши якум то 20 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд. Ин нишондод то охири мавсим ба 30- 35 сентнерӣ расонида мешавад. Дар се гектар замини иҷоравии Ҳотамҷон Ёқубов низ ҳамин гуна ҳосили хуб ба назар мерасад.
Дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳр зиёда аз 5300 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 50 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Барои қабул ва коркарди аввалияи пахтаи ҷамъоваришуда 5 корхонаи коркард омода мебошанд, ки яке аз ин корхонаҳо «Конибодом-коттон» мебошад, ки соли равон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Равшан Азизов бо ташкили 50 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи нав дар як шабонарӯз 100 тонна пахтаро метавонад коркард намояд.
Аъзо ва саҳмдорони хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом имрӯзҳо кӯшиш ба он доранд, ки ҳосили заҳматро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, иҷрои дурнамои пешбинишудаи «Ҳосил-2016»-ҷамъоварии 11 ҳазору 400 тонна пахтаро иҷро намоянд.

Октябрь 15, 2016 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд