«Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара барои кумакҳои хайриявӣ 814 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст
Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳаҷми 49 миллиону 294,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,2 дарсадро ташкил дода, дар ифодаи нархҳои муқоисашаванда афзоиш ба 111 дарсад баробар мебошад.
Маҳсулоти истеҳсолшуда ба миқдори 44 миллиону 342, 6 ҳазор сомонӣ ба фурӯш рафта ба буҷети маҳаллӣ 9 миллиону 504 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки корхонаи кимиёи шаҳри Исфара нақшаи ҳама намуди пардохтҳоро пурра ва сари вақт иҷро кардааст.
Дар ин давра ба ҷомеаи меҳнатӣ 8 миллиону 522,7 ҳазор сомонӣ маош пардохт карда шуд. Аз ҷониби корхона аз аввали сол то имрӯз ба андозаи 814 ҳазор сомонӣ маблағ барои кумакҳои хайриявӣ ҷудо шудааст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






