«Коррупсия пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад»-суҳбати озод оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ

Октябрь 22, 2016 11:09

Душанбе, 22.10.2016. /АМИТ «Ховар/. Дирӯз, 21 октябр дар қисми низомии 3502 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии роҳбарият ва ҳайати хизматчиёни қисми низомӣ бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ нозир-котиби матбуотии Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, кор бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Сарраёсати пешгирии коррупсионии Агентӣ Фаромӯз Раҳмонзода ва нозири калони ҳамин сарраёсат Акрамзода Ёсумани Абдуҳалим дар мавзӯъҳои мубориза бо коррупсия дар доираи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ, огоҳнамоии ҷавонон аз хатарҳои шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти террористию ифротгароӣ суҳбати озод гузарониданд.
Зикр шуд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар бояд нисбат ба дигарон бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрат бошанд. Коррупсия пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад, танҳо дар якҷоягӣ метавон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия диққати махсус медиҳанд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ миёни афсарону хизматчиён ва маърӯзачиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Октябрь 22, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад