«Корвони саломатӣ»-и шаҳри Исфара ба ҷамоатҳо расид

Октябрь 12, 2016 12:17

Душанбе, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таъмини ҳифзи сиҳатии омма, пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии мардум бо иқдоми роҳбарияти беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар шаҳраки Нефтобод ва ҷамоати деҳоти Хонобод «Корвони саломатӣ» ташкил карда шуд.
Ба корвони мазкур 40 нафар пизишкони соҳибтаҷриба аз беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии шаҳр муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти ташхисӣ шомил буданд. Cардухтури беморхонаи марказии шаҳр Тайибиддин Муҳаммедов гуфт, ки «дар ин рӯз 1585 нафар сокинони шаҳраки Нефтобод ва ҷамоати деҳоти Хонобод ба таври ройгон қабул ва муоина карда шуданд, ки аз он 487 нафарашон кӯдакону наврасон, 118 нафарашон занони ҳомиладор ва 469 нафарашон занони қобили зоиш буданд».
Ҳамчунин 12 нафар духтурон бо 137 нафар занҳои хонашин ва муҳассилини мактабҳо мулоқот ороста, вобаста ба масъалаҳои муҳими ҳифзи сиҳатӣ маълумоти фаровон доданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 12, 2016 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад