Кумаки техникии ҳукумати Финландия ба хоҷагиҳои деҳқонии ВМКБ
Хоруғ, 21.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Финландия ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошим чаҳор трактори тамғаи «ТС-400»-ро, ки ҳар кадоме 67 ҳазор доллар қимат доранд, кумак кард. Раҳбари хоҷагии деҳқонии деҳаи Савноби водии Бартанг Ислом Давлатмамадов гуфт, ки «бо ин тракторҳо на танҳо шудгор мекунем, балки метавонем ҳосили картошкаро ғундорем ва дигар амалиётро анҷом диҳем. То ба имрӯз заминҳоро бо барзагов шудгор менамудем ва дар ҷамъоварии ҳосил низ неруи ин ҳайвонотро истифода мекардем. Соли гузашта сокинони деҳаи Савноб аз зарбаи зилзила осеби зиёд диданд. Баъди муваққатан кӯч бастанашон ба маркази ноҳия бештари ҳайвоноти худро ба фурӯш гузоштанд. Аз ин рӯ ин кумаки техникӣ хеле саривақтист ва кори деҳқононро сабук месозад».
Ҳукумати Финландия тасмим гирифтааст, ки дар ду соли оянда сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Мурғобро тавассути чоҳҳои амудӣ аз оби ошомиданӣ таъмин намояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






