Муаррифии лоиҳаи ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр Шариф Шарифзода муаррифии лоиҳаи «Харитаи ҷойгиршавии интерактивии қуттиҳои партов, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасрафи корношоям ва макони оббозии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳадаф аз муаррифии лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби роҳбарияти ширкати «Тирози ҷавонӣ» пешкаш гардид, ба густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ҳифзи муҳити зист, босамар ва мақсаднок истифода бурдани неъматҳои табиат, иттилоотонии саривақтии шаҳрвандон, тарбияи экологии насли наврас ва ҷавонон равона гардидааст.
Лоиҳаи мазкур, ки муҳлати амалишавии он 3 моҳ буда, дар он 10 маҳаллаи шаҳри Хуҷанд чун минтақаҳои мақсадноки лоиҳа фаро гирифта мешаванд, ҳамчунин ташкил намудани «Минтақаи сабз» дар шаҳр, ба навъҳо ҷудокунии партовҳо, ташкили монеаҳо барои пешгирии партовҳо дар ҷойҳои муқаррарнагардидаро дар бар гирифта, ҳамзамон дар он муайян кардани вазъияти кунунии ҷойгиршавии қуттиҳои партов дар маҳаллаву микроноҳияҳо, нуқтаҳои қабули фурӯзонакҳои каммасраф ва ҷадвали кори нақлиёти партовкашонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






