Муассисаҳои таълимии ноҳияи Сангвор ба фасли сармо омодаанд
Душанбе, 12.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мавсими омодагӣ ба фасли сармо ба охир мерасад. Дар шаҳру деҳоти мамлакат омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистон барвақт оғоз гардид. Дар робита ба ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» қабул гардид. Дар заминаи ин қарор ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Сангвор корҳои зарурӣ анҷом дода шуданд.
Аз суҳбат бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шодӣ Раҳмонов маълум гардид, ки 58 муассисаи таълимие, ки дар ноҳия мавҷуданд, ба зимистонгузаронӣ пурра омодаанд. Ба иттилои манбаъ, барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои соҳаи маориф дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Барои фаъолияти таълимгоҳҳои ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистон 177 (нақша 140) тонна ангишт ва 456 (400) метри кубӣ ҳезум захира карда шудааст, ки аз нақша зиёд мебошад.
Ба гуфтаи мавсуф, таъмири биноҳо ва шишабандӣ кардани тирезаҳо (52 метри квадратӣ) аз ҷумлаи корҳоест, ки ҳанӯз охирҳои фасли тобистон ба анҷом расонида шудаанд. Тибқи нақша ба ин соҳаи муҳим 180 литр сӯзишвории дизелӣ пешбинӣ шуда буд, вале он барзиёд-ба қадри 230 литр захира карда шуд. Шодӣ Раҳмонов иброз намуд: «Муассисаҳои таълимии ноҳияи Сангвор ба омадани фасли сармо тайёрии ҷиддӣ дидаанд ва пурра омодаанд. Мо тамоми тадбирҳоро меандешем, ки муассисаҳои таълимии ноҳия дар рӯзҳои сарди зимистон мунтазам фаъолият намоянд».








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






