Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 50 фоиз иҷро шуд
Душанбе, 11.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми беш аз 10 рӯзи маъракаи муҳими сиёсӣ — даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 50 фоизро ташкил дод. Дар давоми даҳ рӯз ВМБК 82 фоизи нақшаро иҷро карда, дар ин минтақа ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Рӯшон дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Аз рӯзи оғози маъракаи даъватӣ то ин дам ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Истиқлол, Спитамен ва Шаҳристони вилояти Суғд нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 63 % баробар мебошад.
Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Балҷувон ва Н.Хисрав аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар ин вилоят 47 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 38 фоиз ва дар чаҳор ноҳияҳои пойтахт он ба 28 фоиз баробар аст.
Бино ба маълумоти котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи нафарони ихтиёрӣ ба хизмати Артиши миллӣ равона солҳои охир хеле зиёд шудааст. «Алалхусус, дар даъвати баҳории соли равон ва даъвати тирамоҳии соли 2015 теъдоди нафароне, ки баъди гирифтани даъватнома ба комиссияи даъватӣ ҳозир шуданд ва ҷавонони ихтиёрӣ ба 95 фоиз расид. Ин омилҳои хеле зиёд дорад. Пеш аз ҳама, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қувваҳои мусаллаҳ ва хизматчиёни ҳарбӣ аст, ки имрӯз шароити буду боши қисмҳои низомӣ беҳтар гаштааст. Ҳамзамон шароитҳои ҷузъу томҳои артиши миллӣ дар даврони истиқлолият беҳ гардида, бахусус солҳои охир бо меъёри ҳозиразамони ҳарбӣ ва талаботи муосир мавриди истифода қарор дода мешаванд. Инчунин ҳамасола аз як мавсим то мавсими дигар «Корвони дидор» ташкил карда мешавад, ки волидони сарбозон аз як минтақа ба минтақаи дигар ба аёдати фарзандони худ рафта, бо шароити хизмат ва таълими онҳо шинос мешаванд»,-илова намуд Ф. Маҳмадалиев.
Хотиррасон мекунем, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз якуми октябри соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






