Навоварону ихтироъкорони наврас ва ҷавонони шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷоиза ва диплом гардиданд
Душанбе, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии патенту иттилоот ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Навоварону ихтироъкорони наврас ва ҷавонон» баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур аз шаҳри Хуҷанд чаҳор нафар толибилмони лаёқатманд иштирок намуда, сазовори диплом гардиданд. Мутахассиси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдурашид Очилов аз баргузории озмун ва натиҷаи назарраси толибилмони шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард: «Мо ғолибонро самимона табрик мегӯем ва боварӣ дорем, ки онҳо дар озмунҳои минбаъда низ фаъолона иштирок карда, соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд».
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






