Николай Бордюжа: СААД барои муайян кардани шабакаҳои воридшавии террористон тадбирҳо меандешад

Октябрь 13, 2016 12:11

Душанбе, 13.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои муайян кардани шабакаҳои воридшавии ҷангиён аз манотиқи низоъҳои мусаллаҳона тадбирҳои иловагӣ меандешад. Дар ин бора Дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии Мир-24 изҳор дошт.
«Мо барои фароҳам овардани қонунгузории пурратар дар давлатҳои аъзои СААД тадбирҳо меандешем. Самти дуюме, ки имрӯз хеле фаъолона таҳия мешавад ин тадбирҳои амалии ба муайян кардани мавҷҳо ва террористҳо нигаронидашуда мебошанд. Самти сеюм ин фаъолияти иттилоотӣ ва тарғиботӣ мебошад, ки мо онро бояд дар якҷоягӣ бо ҳамаи кишварҳо гузаронем, то ҷавонон гирифтори ғояҳои терроризм нагарданд, фирефтаи таблиғот шуда, ба манотиқи низоъҳои мусаллаҳона нараванд ва дар амалиёти ҷангӣ иштирок накунанд», — гуфт ӯ.
Дар бобати ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Дабири кулли СААД зикр кард, ки дар ин кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон маводи калони пурсиши онҳое, ки аз манотиқи низоъҳои мусаллаҳона баргаштаанд, ҷамъ оварда шудааст. Гуфтаҳои шоҳидон — онҳое, ки пас аз таблиғот дар сомонаҳои ташкилотҳои террористӣ ба амалиёти ҷангӣ рафта, иштирок карданд, — дар бораи он, ки дар асл дар сафи ҷангиён чӣ рух медиҳад, чӣ гуна онҳо ба одамон муносибат мекунанд, чӣ гуна мардуми осоиштаро ба ҷанг маҷбур месозанд ва дигар ҳодисаҳои даҳшатнок.
«Ман меҳисобам, ки ин мавод низ бояд истифода шаванд, то одамон бидонанд, ки ДОИШ ва дигар созмонҳои террористӣ дар асл чӣ гуна ҳастанд. Бинобар ин, метавонам тасдиқ намоям, ки соли равон барои СААД дар мубориза бо терроризм дар ҳақиқат афзалиятнок маҳсуб мешавад», — гуфт Бордюжа.
Роҳбари СААД мавзӯи таҳкими марз бо Афғонистонро баррасӣ карда, зикр намуд, ки «Аввал, доир ба расонидани кумак аз кишварҳои мо ба Тоҷикистон (марзи асосӣ бо Афғонистон) тасмим буд. Ин кумак расонида шуд. Имрӯз қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон пурра таъмин, мусаллаҳ ва муҷаҳҳаз гардидаанд ва дар ин ҳиссаи муайяни он кумакҳое, ки аз кишварҳои мо расонида шуда буданд, ҳаст. Дуюм, метавонам бигӯям, ки вақтҳои охир роҳбарияти Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти қувваҳои сарҳадӣ ва дараҷаи таҷҳизоти онҳо тадбирҳои фавқулода андешид. Метавонам як мисол орам, ки чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он гуфта буд. Танҳо дар соли гузашта дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳад 84 дидбонгоҳ сохта шуд. Ва ин ҳама бо қувваи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бинобар ин, бисёр корҳо шуда истодаанд, вале барои пурра сарҳадро ҳифз кардан ва пеши роҳи гузариши гурӯҳҳои ҷиноятӣ ё интиқоли миқдори калони қочоқи маводи мухаддирро гирифтан, ҷабҳаи калонтари кор мебояд. Дар ин самт кишварҳои мо ба Тоҷикистон кумак мерасонанд.
Дабири кулли созмон дар бораи ҷаласаи қарибулвуқӯи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Ереван сухан гуфта, таъкид кард, ки он ҷо лоиҳаи нави зиддитеррористӣ пешниҳод мегардад.
«Мо тамоман лоиҳаи навро оид ба таъсиси феҳристи ягонаи созмонҳои террористии СААД пешниҳод менамоем. Мо сохтро такмил додем. Дар воқеъ, дар ҳеҷ яке аз ниҳодҳои байналмилалӣ дар маҷмӯъ дар ҷаҳон, сохти таъсиси феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ки дар ҳудуди ҳамаи кишварҳои мо террористӣ эътироф шавад, вуҷуд надорад. Мо аввалин шуда чунин сохтро таҳия кардем, мо онро мувофиқа намудем ва барои тасдиқ ба сарони давлатҳо пешниҳод менамоем», — хулосабарорӣ кард Дабири кулли СААД.

Октябрь 13, 2016 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон