Оғози корҳои таблиғотӣ барои ИМД-2017

Октябрь 14, 2016 10:36

Душанбе, 14.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми октябри соли равон дар 199 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 7 шаҳру ноҳияи кишвар (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Хоруғ) вохӯриҳо бо хатмкунандагони соли 2017 шурӯъ гардиданд. Дар ин бора аз Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар чаҳорчӯбаи корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ дар назар аст, ки вохӯриҳои мазкур барои 16 ҳазору 938 хатмкунанда баргузор шаванд.
Маркази миллии тестӣ 12 нафар корманди масъулашро вазифадор кард, ки дар давоми моҳҳои октябр ва ноябр бо 670 омӯзгори муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор намуда, зимни он дар бораи низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД), аз ҷумла, дар бораи аҳамияти баланд доштани тарзи дурусти интихоби комбинатсияи ихтисосҳо ва бартарии онҳо дар марҳалаи омодагӣ ба имтиҳонҳо муаррифии компютерӣ пешниҳод гардонанд.
Муаррифии компютерӣ барои хатмкунандагон бо таҳлилҳо ва натиҷагириҳо аз имтиҳонҳои солҳои қаблӣ пешниҳод мегардад.
Дар назар аст, ки барои дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар моҳи декабр низ чунин вохӯриҳо ташкил карда шаванд.

Октябрь 14, 2016 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид