Ғолибони «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» муайян шуданд
Душанбе, 10.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ҳафтаномаи «Тоҷикистон» озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» — ро ҷамъбаст намуд.
Тавре Усмон Раҳимзода, мудири бахши иқтисоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва масъули озмун ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур- ин омӯзиши афкори омма, таваҷҷуҳи онҳо ба нақши макотиби олии ҷумҳурӣ дар рушди маориф, илм ва вусъат додани ҳамкорӣ бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
«Озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» моҳи феврали соли равон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он 26 макотиби олии Тоҷикистон аз рӯйи 10 бахш иштирок намуданд»,- гуфт Усмон Раҳимзода ва илова намуд, ки аз байни 26 мактаби олӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз беҳтаринҳо дониста шуданд.
Ҷамъбасти озмуни «10-гонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон-2016» 8 октябри соли равон зимни ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон доир гардид. Ғолибони озмун бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардонида шуданд.












Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






