Ҷоми Осиё-2019: Рӯзи қуръакашӣ муайян шуд
Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё 18 январи соли ояндаро ҳамчун рӯзи баргузории қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба он шомил аст, интихоб кард. Дар қуръакашӣ ба ғайр аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон, боз дастаҳои Кореяи Халқӣ-Демократӣ, Урдун, Уммон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянма, Баҳрайн, Афғонистон, Ҳиндустон, Малайзия, Камбоҷа, Яман, Бутан, ҷазираҳои Малдив ва Тайбейи Чин иштирок мекунанд. То ҳанӯз ширкати дастаи мунтахаби Кувайт, ки аз ҷониби Федератсияи футболи ҷаҳонӣ муҷозот шуда, ҳаққи ширкат дар бозиҳои байналмилалиро аз даст додааст, аниқ нест.
Баъд аз натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба шаш гурӯҳ тақсим шуда, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё -2019 роҳхат мегиранд. Ҳуқуқи ширкат дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2019-ро то кунун 12 дастаи мунтахаби Осиё, ки муборизаро барои роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон- 2018 идома медиҳанд, ба даст овардаанд.
Тибқи тақвими КФО бозиҳои гурӯҳӣ аз 28 марти соли оянда шурӯъ гардида, 28 марти соли 2018 ба анҷом мерасанд.








Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






