Ошкоршавии 108 ҷиноят ва 4688 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби дружиначиёни ихтиёрӣ
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дар ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи дружиначиёни ихтиёрӣ маълум гардид, ки дружиначиён дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 108 ҷиноят ва 4688 ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ошкор намуда, бо кумаки онҳо 11 нафар шахсони дар кофтуковбуда ёфта шудаанд.
Ҳамчунин бо иштироки фаъолонаи дружиначиёни ихтиёрӣ 382 ҳолати майдаавбошӣ, 644 ҳолати пайдо шудани шаҳрвандон дар ҳолати мастӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, 580 ҳолати оворагардӣ ва талбандагии шаҳрвандон, 47 ҳолати майдадуздӣ, 417 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, 1190 ҳолати риоя нашудани қоидаҳои истиқомат, 97 ҳолати фурӯши ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ ва 1083 ҳуқуқвайронкунии дигар ошкор ва барои бартараф кардани онҳо тадбир андешида шудааст.
Тибқи иттилои ВКД, дружиначиёни ихтиёрӣ қариб дар ҳама чорабиниҳои оммавӣ дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ҳамроҳ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






