Пешвои миллат: «Кӯлоби бостонӣ ба яке аз шаҳрҳои тараққикардаи кишварамон табдил ёфтааст»
Душанбе, 6.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Шаҳри бостонии Кӯлоб аз ҷумлаи шаҳрҳои қадимаи тоҷикон буда, дар аксар сарчашмаҳои таърихӣ корномаи фарзандони он ба некӣ ёд шуда, аз ин шаҳр мероси гаронбаҳое аз бостон то ба имрӯз боқӣ мондааст». Ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иброз доштанд.
Хамчунин Сарвари кишвар баён доштанд, ки имрӯз Кӯлоби бостонӣ ба яке аз шаҳрҳои тараққикардаи кишварамон табдил ёфтааст.
«Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, бисёр мушкилоти ҳаёти шаҳрро зина ба зина бартараф намоем ва барои рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии он заминаи мусоид фароҳам оварем»,- гуфтанд Пешвои миллат .
Дар давраи истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти шаҳр беш аз 30 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
Дар ин давра соҳаи саноат босуръат рушд ёфта, ташкили корхонаҳои нав ва номгӯи маҳсулот сол ба сол афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, шумораи корхонаҳо дар соли равон ба 61 адад расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум чоруним баробар зиёд мебошад.
«Ҳаҷми маблағгузорӣ дар соҳаи сохтмони шаҳр соли 2015 нисбат ба соли 2000-ум 127 баробар, корҳои сохтмону васлкунӣ 207 баробар ва ба истифода додани фондҳои асосӣ 454 баробар афзоиш ёфт»,- афзуданд Президенти кишвар ва илова намуданд, ки «Дар ин муддат қариб 400 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд ва дар 170 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд».








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






