Рӯзи байналмилалии табибон: Табиб ҳаргиз ҳуқуқи хато кардан надорад

Октябрь 3, 2016 17:24

Душанбе, 03.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии табибон ҷашн гирифта мешавад. Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиб «Табибон бидуни марз» ин рӯзро бо мақсади ҳамраъйӣ ва амалҳои муштараки табибон ба роҳ мондаанд.
Гиппократ гуфта буд, ки табиби ҳақиқӣ бояд истеъдоди модарзод, тарбияи хуб, ахлоқи олӣ ва ҳамида дошта бошад.
Закариёни Розӣ фармудааст: «Табиб бояд босавод, хоксор, ростгӯй ва одамдўст бошад».
Дар ин рӯз мо бояд ҳатман аз Абӯалӣ ибни Сино, бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ ёд кунем. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тояшон расидаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, 150 адад ба илми фалсафа ва беш аз 40 адади дигар ба илми пизишкӣ тааллуқ доранд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Аш-Шифо» ва «Ал-Қонун» мебошанд, ки бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон ба шумор мераванд.
Абуалӣ ибни Сино дар ҷаҳон пурмаҳсултарин олим ва адиб эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18- солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст.
Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми ниҳоят арзанда гузоштааст. Вай дар пешрафт ва тараққиёти дигар соҳаҳои илми тиб низ хизмати босазо кардааст. Ӯ усулҳои набзшиносӣ, табшиносӣ, бавлшиносӣ ва вабошиносиро нишон дода, роҳҳои муолиҷаи ин бемориҳоро тавсия додааст. Хизматҳои Ҳаким Сино дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ низ беҳамто мебошанд.
Тавре ки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ намерасанд. «Дар баробари ин норасоии қариб 6 ҳазор мутахассиси дорои маълумоти миёнаи тиббӣ, яъне ёварони табибон ё худ ҳамшираҳои шафқат ба назар мерасад. Ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ беш аз 13 ҳазор мутахассисони дорои маълумоти олӣ фаъолият дошта, зиёда аз 30 ҳазор кормандони миёнаи касбӣ кор мекунанд»,-илова намуд Наврӯз Ҷаъфаров.
Бояд гуфт, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кормандони соҳаи тибби кишвар рӯзи 18 август иди касбии худро таҷлил мекунанд.

Октябрь 3, 2016 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд