«Шаробнӯшӣ зуҳуроти бадест, ки ҷавонон онро аз калонсолон ёд мегиранд» — шарҳи матбуот

Октябрь 20, 2016 13:39

Душанбе, 20.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд» — бо ҳамин суханони Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (17.10.2016, №206) пешкаши хонандагон шудааст.

Дар мавзӯи ҷашни Меҳргон ҳамчунин сармақолаи муаллифон – академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Равшан Раҳмонӣ бо сарлавҳаи «Эҳёи ҷашни миллӣ» чоп шудааст, ки аз таърихи пайдоишу ҷашнгирии ин ҷашни бостонӣ ва дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон эҳё шудани Меҳргон нақл мекунад. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик мусоҳибаи раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов «Назди таърих қарздорем» ва аз ҷараёни Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе-2016» гузориши муфассали хабарнигори «Ҷумҳурият» дар ҳамин шумораи нашрия дарҷ шудаанд.

«Саҳнаи сиёсии ҷаласаи САҲА бозингарони пасипардагӣ дошт»- бо чунин мақола шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (18.10.2016 №207) аз чоп баромад, ки дар он омадааст: «Саҳнаи сиёсие, ки рӯзи 24 сентябр дар ҷаласаи САҲА дар Лаҳистон бо ҷалби баъзе аз ҷонибдорони ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст, дар байни ҷомеаи Аврупо дастгирии васеъ пайдо карда натавонист. Аз ин рӯ, амали анҷомдодаи ҷонибдорони ҲНИТ наметавонад ба ҳамкории судманди Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо мушкилӣ пеш орад, балки ҳамоҳанг кардани манфиатҳо барои пешгирӣ намудани талошҳои ҳокимиятталабии исломи сиёсӣ дар замони кунунӣ муҳим ва зарур аст».

Мақолаҳои «Нақлиёти ҳавоӣ, хизматрасонӣ ба беҳбудӣ ниёз дорад», «Мошинсозӣ, аз озмошгоҳ то рушди соҳа», «Пойтахт, озодагӣ ҳусни шаҳр аст» ва хабарҳо дар бораи омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон дар вилояти Суғд, мулоқоти Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Латвия дар Тоҷикистон Эдгарс Бондарс ва дигар ҳодисаҳои муҳими кишварҳои олам дар ҳамин шумораи расмии мамлакат дарҷ шудаанд.

Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» (19.10.2016 №208) мақолаҳои таҳлилӣ ва танқидии «Сиёсати «Дарҳои кушода» фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз», «Кордиҳандагон ба маҳбусон бовар надоранд, чаро?», «Аҳмади порина», «Оила, хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ…» чоп шудаанд.

«Садои мардум» нашрияи парлумонӣ аз ҷараёни Форуми панҷуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ки рӯзҳои 12-13 октябри соли равон дар Душанбе баргузор шуда буд, гузориши муфассал чоп карда, навиштааст: «Дар муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар муҳоҷирати меҳнатӣ масъалаи хеле нозук ва ҳиссиётӣ боқӣ мемонад. Федератсияи Русия тарафи асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, сода гардонидани бақайдгирӣ ва иҷозат ба фаъолияти меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷаи гуфтушунидҳои дуҷониба дар сатҳи гуногун ба шумор меравад».

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба хонандагони худ мақолаҳои «Давлати исломӣ фитна аст», «Филмҳои тасвирӣ ба ҷойи суруди «алла», «Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ» пешкаш намуда, натиҷаи назарпурсӣ ба саволи «Сабаби шаробнӯшии ҷавонон дар чист?»-ро чоп кардааст. Омӯзгор Аълохуҷа Сурхов ба саволи гузошташуда чунин ҷавоб додаст: «Шаробнӯшӣ зуҳуроти бадест, ки ҷавонон онро аз калонсолон ёд мегиранд».

Нашрияи «Омӯзгор» қарори мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нуҳ моҳи соли равон чоп кардааст. Ҳамчунин мақолаҳои соҳавии «Завқи мутолиаро бедор бояд кард», «Коҳиш ёфтани нақши шӯрои омӯзгорӣ дар идоракунии мактаб», «Таълими салоҳиятнокӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ» аз тарафи муаллимону кормандони соҳаи маориф хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мақолаи таҳлилии журналист Усмон Раҳимзодаро бо сарлавҳаи «Марги синёр помидор аз дасти онҳое, ки илм доранду амал не» чоп кардааст. Муаллиф аз бобати якбора кам шудани ҳосили помидор ва чанд баробар боло рафтани нархи он дар бозорҳои кишвар маълумот пешниҳод карда, саволгузорӣ кардааст, ки академияе, ки як кирмро кушта натавонад, ба кӣ лозим аст?

Октябрь 20, 2016 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад