Ширин Исматуллозода: «Мо мехоҳем, ки занҳои хонанишини кӯҳистон соҳибмаълумоту соҳибкасб гарданд»
Файзобод, 18.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод гурӯҳҳои мақсадноки ғоибонаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд.
Имсол ба се ихтисоси ин муассиса аз 168 нафар довталаб пас аз имтиҳонсупорӣ 125 нафарро қабул менамоянд.
Директори Коллеҷи омӯзгорӣ Ширин Исматуллозода иброз намуд, ки «мақсади ташкил намудани чунин гурӯҳҳои мақсаднок босавод гардонидани нафаронест, ки дар ноҳияҳои дурдаст зиндагӣ намуда, шароити дар маркази ҷумҳурӣ таҳсил карданро надоранд. Мо мехоҳем, ки занҳои хонанишини кӯҳистон соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, ба фарзандони диёри худ хизмати арзанда кунанд».