СММ: «Ҷабҳат ан-Нусра» тарки Ҳалабро рад кард
Душанбе, 14.10.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҷангиёни гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» пешниҳоди СММ-ро дар бораи он, ки шаҳри Ҳалаби Сурияро бо кафолати дахлнопазирӣ тарк намуда, роҳи худро ба музофоти Идлиб идома диҳанд, рад карданд. Дар ин бора ИА «REGNUM» бо истинод аз суханони муовини фиристодаи махсуси СММ оид ба Сурия Рамзӣ Эзелдин Рамзӣ иттилоъ медиҳад.
Хотиррасон мешавем, ки қаблан намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия Стаффан де Мистура 6 октябр изҳор дошт, ки ба ҷангиёни «Ҷабҳат ан-Нусра» пешниҳод менамояд, ки шаҳри Ҳалабро ба воситаи долонҳои бехатар тарк намоянд. Ӯ ҳатто омода буд, ки ҷангиёнро шахсан ҳамроҳӣ намояд. Де Мистура таъкид кард, ки тибқи сарчашмаҳои гуногун, дар Ҳалаб тақрибан 900 ҷангиёни «Ҷабҳат ан-Нусра» ва тақрибан ҳашт ҳазор ҷангиёни гурӯҳҳои гуногун аз «мухолифон» мутамарказ шудаанд.
Дар СММ таъкид намуданд, ки онҳо интизор доштанд ҷангиён тарки Ҳалабро рад мекунанд, вале ба ҳар ҳол дар созмони ҷаҳонӣ умедвор буданд, ки террористон розӣ мешаванд ва ин гоми онҳо барои гурӯҳҳои дигар намунаи мусбат хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки баъди чанд рӯзи созиши нопойдор дар охири сентябри соли равон муҳорибаҳо дар Ҳалаб дубора шиддат ёфтанд. Неруҳои ҳукуматӣ шаҳрро аз ҷангиён минтақа ба минтақа бармегардонанд. Набардҳо хеле тезу тунд буда, талафот аз ду ҷониб аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






