Суғд: беш аз 700 нафар дар шаҳраки навбунёди Сайҳун соҳиби замини наздиҳавлигӣ гардиданд

Октябрь 8, 2016 09:31

Хуҷанд, 08.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеъи шаҳраки навбунёди Сайҳун марҳилаи навбатии тақсимоти замини наздиҳавлигӣ барои сокинони вилояти Суғд доир гашт, ки дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд. Он рӯз 739 нафар сокинони вилоят, аз ҷумла 250 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, 280 нафар сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боқимонда аз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ гаштанд.
Ба иттилои раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, маҳз бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон давоми солҳои охир зиёда аз 10 ҳазор гектар замини ин мавзеъ аз худ карда шуда, он имкон дод, то ки яке аз масъалаҳои муҳим — таъмини аҳолӣ бо манзили истиқоматӣ дар ҳудуди вилоят ҳалли худро пайдо намояд. То кунун дар шаҳраки навбунёди Сайҳун барои зиёда аз 6 ҳазор нафар қитъаи замин ҷудо гардидааст.
Хотиррасон бояд кард, ки моҳи марти соли 2015 зимни сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд, дар дашти Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони як шаҳраки замонавӣ бо номи Сайҳун асос гузошта шуд, ки аз 14 000 гектар замини он дар 3000 гектараш маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд гардида, зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолӣ бо манзил таъмин хоханд гашт.

Октябрь 8, 2016 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад