Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон дар Тошканд
Душанбе, 19.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ 18 октябр вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид.
Тавре аз ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкории мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






