Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии ҶТ: «Конститутсияи Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф гардидааст»
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар сатҳи қонуни асосии кишвар сабт менамояд». Ин нукта имрӯз дар конфронси илмӣ таҳти унвони «Нақши Конститутсия дар ташаккул ва такомули рукнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бахшида ба 22- юмин солгарди қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ доир гардид, зикр карда шуд.
Дар конфронс раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки Конститутсия санади асосии давлатдорӣ, муҳимтарин рукни низоми ҳуқуқии кишвар, роҳнамои рушди мамлакат ва муаррификунандаи давлат ба ҳисоб меравад. «Имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон барномаи давлатсозӣ ва тақдири минбаъдаи халқу миллати худро маҳз тавассути Конститутсия муайян намуда, дар доираи он ормонҳои миллии худро амалӣ менамоянд»,- гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён ва ҳамчунон афзуд, ки «Қабули Конститутсия яке аз дастовардҳои бузург ва нодири халқи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад».
Ба андешаи Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил шинохта шуда, Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори дигар конститутсияҳои ҷаҳон аз беҳтаринҳо эътироф гардидааст.
Прокурори генералӣ ҳамчунон баён намуд, ки «дар асоси меъёрҳои Коститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иродаи халқ як қатор қонунҳои миллӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат», Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки мояи ифтихор ва нишонаи ҳувияи миллии мардуми тоҷик мебошанд».








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






